ТЕМУРМАЛИК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалки бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Маҳмадсаид Раҷабзода ва дигар шахсони муттассадӣ бо сокинони деҳаи Қарақамиши ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мақсади асосӣ ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ташвиқу тарғиби суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-майи соли 2018, суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид, буд.
Нахуст, Раҷабзода Маҳмадсаид атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-майи соли 2018, суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардида буд, муфассал андешаронӣ намуда, моҳияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро ба сокинон фаҳмонид.
Дар идомаи суҳбат шахсони муттассадӣ оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ андешаронӣ намуданд.