БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ГЕТӢ НАМОНАД БА ҶУЗ НОМИ НЕК...

АНДЕША. Мафҳуми зишт, нохуб ва бад дар тамоми давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадӣ чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромӣ падид меорад, зеро ин амал хоси ҳайвоноту дарандаҳо ва ҳашароти зараррасон аст, ки онҳоро табиат чунин офаридааст.

Инсоният бояд хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ, некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. Ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад. Ягон дастоварди хубе аз худ боқи гузорад, то зинданом бошад.
         Оре, ҳар як пешравӣ мукофоти бузурги Офаридгори созанда аст, ки танҳо ба шахсияти арзанда сазовор дониста мешавад. Бадон, ки асоси матлабу маромашон бадкориву мардумозорист, дар ягон давру замон соҳибиззат гашта наметавонанд.

        Барҷост, ки ҳамаи хубию бадиҳо дар зиндагӣ дар ҳадди худ ҷавобе, мукофоте доранд. Ҳамеша бояд кӯшид, ки некӯкор ва росткору аз бадиҳо дур зист. То ҳадди имкон бо дармондагон дасти ёрӣ дароз кард.

Бадкорону бадхоҳонро роҳу равиш бояд омӯзем ва аз бадиҳо дур гардонем, ки дар корҳои неку савоб даст зананд. Зеро онҳо худ аз худ баҳри дигар гаштани хулқу атвори худ намекӯшанд. Вале ҳастанд шахсиятҳое, ки ҳеҷ гоҳ ононро бо ягон кӯшишу мадади атрофиён аз роҳи бад наметавон гардонд.

Накукорон хамеша дар раҳмати Яздони пок қарор доранд. Валекин бадону бадсириштон байни ҷомеаву мардумони он обрӯю эътиборе надоранд. Барои он ки сазовори номи неку рафтори шоиста гардем, бояд пайваста бикушем, ки накукору мададрасон бошем. Зеро ҳар як инсони асил дар зиндагӣ меъмори хеш бояд бошад. Бо бадон муносибати дӯстӣ пайдо накунад. Пайваста кори некеро анчом диҳад, то сазовори номи нек гардад.

Хуллас, ҳеҷ як бадкарда бе ҷазо нахоҳад монд. Ҳар як амалеро ҷавобест ва ҳар бадкоре ба кадри бадиҳои анҷомдодааш ҷазое хоҳад дид. Беҳуда нагуфтаанд:

Бад макун, ки бад афтӣ,
Чоҳ макан, ки худ афтӣ.

Албатта, бадкарда рӯзе сазовори ҷазои бад ва накукорон ба кадри заҳмати беандозаашон сазовори ҳаёти хушу гуворо, фарзандони солиму поктинат ва обрӯю манзалати бузург хоҳанд гашт.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg