БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарҷамъиву муттаҳидӣ бақои давлату миллат аст!

ПАНҶ. Боиси қайд аст, ки вохӯриҳое, ки бо ташаббуси Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳияи Панҷ  бо сокинони маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Меҳвар ташкил карда мешаванд,  аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ  оғоз мегарданд.

Чунин як вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаи Дарвоз  баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинӣ ҳунармандони маҳалла намоиши ҳунари дастони худро  ба маърази  тамошо гузошта  буданд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Сипас, дар баромадҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат бармеоянд, суҳбатҳо карда шуд. Аз ҷумла, оид ба амалӣ намудани се ҳадафи стратегияи мамлакат,   расидан  ба истиқлолияти энергетикӣ, яъне пурра бардоштани маҳдудияти барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, яъне то соли 2030, табдил додани Тоҷикистон ба  мамлакати транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, ки ба зиндагии шоистаи мардум оварда мерасонад қайд карда шуд.

Мавзӯъи дигари вохӯрӣ ин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо  намоянагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки санаи 12 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, интихоб шуд. Сарвари хирадпешаи  давлатамон  таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану  рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд.

Мардум бояд ҳуввияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру  таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ  дар роҳи интихобкардаи худ устуворона пеш раванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg