
ЁВОН. Дар асоси дастуру супоришҳои ниҳоди болоии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон низ амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” бо маром идома дорад. Бо мақсади баргузор намудани амалиёти мазкур дар ташкилотҳои ҳизбии ноҳия кормандони сохтори ноҳиявии ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбии кормандони МТМУ №2-и ноҳияро аз назра гузарониданд.
Ҳамаи кормандони ташкилоти мазкур аъзои ҳизб буда, сари вақт аъзоҳақии худро месупоранд. Қарздорӣ мавҷуд надорад. Ҳуҷатҳои дохили ҳизбӣ санҷида шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳо дода шуд.
Роҳбари муассисаи мазкур иброз дошт, ки ҳамаи кормандон аъзои ҳизб буда, саривақт аъзоҳақии худро пардохт менамоянд.