БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ДАНҒАРА. Бо иштироки сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ёров Худоидод ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримзода П. А  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Булёни Боло ҷамоати деҳоти Исмат Шариф маҷлиси ҳисоботӣ  -  интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис, ҳисоботӣ шашмоҳаи раиси ташкилоти ибтидоӣ Юсуфов М, шунида шуда, мавсуф қайд намуд, ки ҳайати ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Булёни Боло зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор ва фаъолият намуда, барои ободу зебо гардидани як гӯшаи ватани азизамон саҳмгузори намуда истодаанд.

Аз тарафи аъзо ва масъулин ҳисоботӣ шашмоҳаи раиси ташкилоти ибтидоӣ қаноатбахш ҳисобида шуда, Юсуфов М. аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ  интихоб гардид.

 Ёров Худоидод сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Каримзода П. А. аз рафти  ҳуҷатгузории ташкилот дидан намуда, ба раиси тозаинтихоб барору комёбӣ ва мувафақиятҳои нав таманно намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg