БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ВОСЕЪ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Гулистон"-и ҷамоати деҳоти Гулистон маҷлиси ҳисоботӣ- интихобӣ баргузор гардид.

Маҷлисро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ бахшида, сипас раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Гулистон" Шарипова Гуландом оид ба фаъолияти шаш моҳаи ташкилот дар соли 2021 ҳисобот дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ба сухан баромада, доир ба саҳм гузоштан ба корҳои ободонию созандагӣ, сохтани иншоотҳои гигиенӣ бо усули дринажӣ ва омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида  намуд. Аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки саҳми худро дар ободиву зебогии кишвари азизамон гузоранд.

Зимнан дар рафти маҷлис масъалаи аз нав интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ гардида, бо пешниҳоди аъзоёни ҲХДТ, фаъолони деҳа ва тарафдории сокинон Шарипова Гуландом, аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Гулистон”  интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg