ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии “Лолазор -3” Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он Сатторов Исфандиёр мутахассиси шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоят, Ҳамрозода Комил, Дуснаев Холёр - раиси ташкилоти ибтидоӣ, аъзо ва фаъоли ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис сараввал гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилот дар шаш моҳи соли 2021 шунида шуда, аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи Маҷлис интихоби раиси ташкилот қарор қабул намуданд. Инчунин доир ба тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилоти ҳизбӣ ва баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳама кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.