БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶАМЪИЯТ - ДЕҲҚОН”

ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият-Деҳқон” Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он Сатторов Исфандиёр мутахассиси шӯъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон, Ҳамрозода Комил, муовини раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия, Рақибов Киромиддин раиси ташкилоти ибтидоӣ, аъзо ва фаъоли ҳизб иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ дар шаш моҳи соли 2021 шунида шуд. Доир ба тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилоти ҳизбӣ ва баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳама кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сипас, Ҳамрозода Комил муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Шаҳритус ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобида, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвозгирии маъракаи муҳими сиёсӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg