БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲУ ОРОМӢ ЗАМИНАИ АСОСИИ СОЗАНДАГИЮ ОБОДКОРИСТ

АНДЕША. «Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷӣ дар ҳолате, ки агар манфиату дархостҳои табақаю гурӯҳҳои мухталиф, қавму миллатҳои сокинони кишварро баробар ба эътибор гиранд, бе шубҳа дар чунин ҷомеа норизоӣ, носозгорӣ ва парокандагӣ рух нахоҳад дод.

Бинобар ин сиёсати некандешу хирадмандона яке аз омилҳои асосӣ ва зарурии таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад ва аз ин рӯ, муҳимтарин шарти истиқлолият ва устувории давлат дониста мешавад.

Зеро  Ваҳдати миллӣ ё ин ки ягонагии миллӣ, яъне худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ мубориза бурдан аз муҳимтарин шартҳои такмили шуури миллӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими истиқлолияти маънавист.

Бояд эътироф намуд, ки ин сифатҳо дар шуури на ҳамаи қишрҳои иҷтимоии ҷомеаи тоҷик дар як сатҳ қарор дорад.

Дар онҳо, баъзан эҳсоси ягонагии маҳаллӣ-маҳалгароӣ, ки ба деҳ, ноҳия ё вилояте маҳдуд аст, ҳатто зидди дигарон равона шудааст, чунин эҳсосоти манфӣ нисбати якдигар бартарӣ дорад, ки мо оқибатҳои онро дар таърихи навини кишварамон ба хубӣ дарк намуда, бо чашмони худ дидаем.

Аз ин сабаб, дар шароити кунунии давлатдорӣ баҳри ҳифзи истиқлолияти давлати миллӣ, амнияти Ватан, таҳким ва рушди ниҳодҳои демократӣ, баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинии мардум ва таҳкими ҳуввият миллӣ зарур аст.

Пиёда сохтани ин масъалаи муҳим кори саҳл набуда, сиёсати дурандешонаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро талаб менамояд.

Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg