БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЯККАДИН”

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров ва Ҳасанзода Тағоймурод, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "Яккадин"-и ҷамоати деҳоти Яккадин маҷлиси ҳисоботӣ- интихобӣ баргузор карда шуд.

Маҷлиси мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод ҳусни оғоз бахшида, дар идома котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Яккадин" Ҷураев Исмоил вобаста ба фаъолияти шаш моҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 ҳисобот дод.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи мҷлис, ваколати раиси собиқи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Куганов Шукрулло бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш  озод карда шуд, ва бо пешниҳоди аксарияти иштирокдорон раиси тозатаъини ҷамоати деҳоти “Яккадин” Буриева Дилором, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg