БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ВАХШ»

ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Вахш” воқеъ дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”  тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон – Асроров Саидшо, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун – Ҳасанзода Тағоймурод, муовини раиси Ку Зайдуллоев Муҳамадҷомитаи иыроия ва Раиси ташкилоти ибтидоӣ – Қирғизбеков Шералӣ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи шашмоҳаи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Қирғизбеков Шералӣ шунида шуд.

Дар  маҷлис аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон қарори якдилона қабул карда шуд, ки Қирғизбеков Шералӣ аз нав раиси ташкилоти идбидоии ҳизбии “Вахш” интихоб карда шавад.

Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Саидшо Асроров, оиди сохтани иншооти гигенӣ бо усули дринажӣ ва омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд. Барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин ҷашни бузург саҳми ҳар як нафар аъзои ҳизб муҳим буда, мавқеи сиёсӣ , назари фароғи идеологӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқат ва муҳаббат ба кишвар дар ин раванд нақши муҳим мебозад. Дар фарҷом, масъулини ҳизбӣ изҳори боварӣ намуданд, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазое хоҳад гузошт. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg