НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пули Сангин ” маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ бо иштироки аъзо ва фаъоли ҳизб гузаронида шуд. Зимни баргузории вохӯрӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида шуд. Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пули Сангин” Ҳайдаров Музафар аз нав интихоб гардид.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳгузор бошад.