
НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Айнӣ” вохӯрӣ бо иштироки аъзо ва фаъоли ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Сараввал зимни баргузории вохӯрӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Айнӣ” шунида шуд.
Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Айнӣ ” Фароғати Адолат аз нав интихоб гардид.
Баъди интихоб гардидани раиси ташкилоти ибтидоӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад.