
НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкор ” вохӯрӣ бо иштироки аъзо ва фаъоли ҳизб дар ташкилоти номбурда маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкор” шунида шуд.
Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардидаи Оинномаи ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкор” Тураев Давлат аз нав интихоб гардид.
Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳгузор бошад.