КӮЛОБ. Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ карда, зикр намуданд, ки: “Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳимми ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад”. Ҳамин тавр дар заминаи таҳлили имкониятҳои мавҷуда ва баёни таклифҳо иброз доштанд, ки: “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”
Дар робита ба ин бо қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” вобаста ба татбиқи Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои неки мардуми тоҷик, ҷалби бештари мардум ба сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш, истеъдод, малака, забондонӣ ва рушди дигар соҳаҳои хизматрасонӣ озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Роҳбалади беҳтарин”-ро миёни ҷавонон ташкил ва гузаронида шуд.
Озмуни мазкур наздики як ҳафта давом карда, дар рафти он ҷавонони аз 18 то 30 сола фаъолона иштирок намуданд.
Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Роҳбалади беҳтарин”, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати тадорукотии озмун раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон”, устоди ДДК Шоҳинов Ҳасан, директори муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷабӣ Асозода ва омӯзгори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Табаров Шерафган иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ гуфта шуд, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани онҳо, дарёфти истеъдодҳои нав ва дигар ниятҳои нек аксияву озмунҳои гуногунро ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳамзамон, изҳори умед карда шуд, ки бо доштани чунин ҷавонони фаъолу ташаббускор ва ватандӯсту ватанпараст Тоҷикистони моро аз ин дида, ояндаи дурахшон интизор аст.
Дар рафти ҳамоиш ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни ҳизбӣ мукофотҳои молию пулӣ ва инчунин, ба як қатор ҷавонони ҳизбӣ барои иштирок фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир бо як дастагули фарҳангӣ аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз Коллеҷи санъат дар шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов ҳузур доштанд, ки бо сурудҳо ва навозишҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.