ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Озодӣ"-и ҷамоати деҳоти Ҷиликул бо иштироки масъулини Кумита маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов А. оғоз бахшид. Сипас оиди фаъолияти шашмоҳаи худ дар соли 2021, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Озодӣ" Зиёдуллоев Карим, ҳисобот дод. Қайд карда шуд, ки муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ба деҳқонон бори дигар ёдрас карда шуд, то ки аз фурсати муносиб истифода бурда, дар ҳамаи заминҳои аз кишти асосӣ холишуда кишти такрории зироатҳои кишоварзиро анҷом диҳанд ва ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.
Дар охири маҷлис бо тарафдории ҳамаи аъзо Зиёдуллоев Карим, аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Озодӣ" интихоб гардид.