
АНДЕША. Боиси хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони биҳиштосо бо ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди соҳибкасб ва соҳибҳунар ба камол расидани насли шоистаи замон тадбирҳо муҳим андешида истодаанд.
“Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуд, ки вобаста ба таҳлили шуғли аъзои ҳар як оила Пешвои миллат раванди ҷалби онҳоро ба соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин корҳои мавсимӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як порчаи заминҳои наздиҳавлигиро ба роҳ монданд.
Ҷалби мардум ба ҳунаромӯзиву меҳнатдӯстӣ аз нигоҳи дини мубини ислом низ мардумро ба ҳунармандиву машғулият ба ин ё он амали солеҳ ҳамеша раҳнамун сохта, ҳадафи аслии он ба инсонҳо хушбахтиву саодатмандиро насиб намудан аст. Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия корҳои шоён ба сомон расонида шуду истодааст, ки аз далериву ҷонфидоӣ ва худшиносиву ифтихорӣ ватандорон қисса мекунад. Дар як қатор деҳаю маҳаллаҳо корҳои ободонӣ бо суръати баланд ҷараён дошта, симои ноҳия, маҳаллу деҳот ба таври тасаввурнашаванда тағир ёфта истодааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки миллати мо тоҷикон ватандӯст, барои ободии диёри худ саъю кӯшиш намуда, боз ҳам ободтар ва хотири мардумро шод хоҳад кард. Мо ҳизбиёнро зарур аст, ки бо халқ такя карда, ба ояндаи дурахшон умед баста, нерӯи тавонои халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намоянд. Боварии мардум ба фардои дурахшони Ватан қавитар шудааст, ки ҳар фарди ватандӯст ифтихор аз давлати соҳибистиқлолии худ мекунад.
Мизробова Шаҳло, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара