ВОСЕЪ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даври сеюми маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид.
Дар озмуни баргузоргардида хонандаи синфи 11-и МТМУ №1-и ноҳияи Восеъ Назарова Саёҳат фаъолона иштирок намуда, бо нутқи буррову ҷавобҳои дақиқу саҳеҳ аъзои ҳакамонро ба ҳайрат овард ва сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо диплому тӯҳфаи Кумитаи иҷроияи сарфароз гардонида шуд.