ВОСЕЪ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар таъмир ва рангу бор кардани МТМУ №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Айни ҳол корҳои таъмиру рангуборкунии дохили муассисаи таълимӣ, синфхонаҳо, кабинетҳои лабараторӣ ва роҳравҳо идома дошта, таъмири намои берунаи муассисаи таълимии номбурда ба охир расидааст.
Бояд қайд намоем, ки шароити хуби таҳсил ва таъмиру бозсозии мактабу боғчаҳо низ замина ба таълиму тарбияи фарзандони ҳар яки мо маҳсуб меёбад.