БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиёсати созандаи Пешвои миллат дар маҳалҳо амалӣ гардида истодаанд

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки дар вохӯрӣ санаи  12.05.2018 бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон  ироа гардид, дар ташкилоти ибтидоии хизбии «Кадучӣ» бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ   масъулин атрофи пешгирии бемории вируси норасоии  маснунияти одам, ба роҳ мондани мубориза бар зидди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун вабои аср ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа суханронӣ намуда, ҳамагонро барои ҳифзи сиҳатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даъват  карданд.

Дар охир иштирокчиён иброз доштанд, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ дар ободиву пешрафти Ватани азизамон ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ саъю талош хоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg