А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, вакилони маҳаллӣ вохӯриҳои судманд ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби беш аз 250 нафар сокинони маҳаллаи Бадриддин Ҳилолии ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд зимни суханрониашон тавонистанд, аҳли ҷамъомадро дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ то 15 фоиз афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандон, нафақахӯрон ва ғайраҳо, вазъи сиёсию геополитикии ҷаҳон, терроризму экстремизм, омилу сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундгаро шомил шудани ҷавонон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо овардани мисолҳои мушаххас огоҳ карданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсиву оммавӣ баргузор гардида, дар охир ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Б.Ҳилолӣ» дар маҳаллаи мазкур таксис дода шуда, Мирзошарипов Амирбек раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.