АНДЕША. Ваҳдат, сулҳ, иттифоқу ҳамдилӣ ва ягонагӣ. Ин калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар як шаҳрвандони Тоҷикистон азизу муқаддас буда, ба монанди идҳои суннатии халқамон аст. Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.Маҳз, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Бояд зикр кард, ки Сарвари хирадманд ва дурандеши мамлакат ,тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи созандагии хешро барои сулҳу салоҳ, дӯстиву ҳамкорӣ ва рушду нумӯи ватани муқаддаси мо, барои тараққиёт ва нашъунамои он сарф менамояд. Маҳз бо кӯшишу ғайрати пайваста ва муборизаи фидокоронаи ӯ ҷомеаи мо аз парешонӣ ба ваҳдат омад ва ливои сулҳу ваҳдат парафшонӣ кард. Имрўз шукр мекунем, ки дар давлати биҳиштосои мо парчами сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ парафшон аст. Вобаста ба ин ҷум-ҳурии соҳибистиқлолу азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст. Дар ин радиф ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдату осудагии мардум аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва Тоҷикистони азизамонро бо меҳнати шоиставу арзанда боз ҳам ободу зебо гардонем.
Мусоев Хуршед, мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ