БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲ ОШТИВУ ЯКДИГАРФАҲМӢ ВА ТОЛИБИ ОСОИШТАГИИ МАРДУМРО ТАҶАССУМГАР АСТ

Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз Ваҳдат аст.

АНДЕША. Воқеан ҳам  Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ  ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз  гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. 

Имрӯз сарҷамъии ин кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Ба хушбахтии халқ ва саодати Ватан, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард,ки воқеан ҳам нақшаву нияти нек дошт, замираш саршори ҷасорат ва эҳтиром ба халқу давлат буд.

Маҳз бо кушишхои пайгиронаи Пешвои  муаззами миллат, Президенти кишвар  Эмомалӣ  Рахмон  миллати парешон  сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ  пойдор  аст.

Хулоса. чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари  азизам  меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям.

Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст. Зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягох аст.

Навбаҳори зиндагӣ як навбат аст,

Як даме бе ғам ғунудан, давлат аст.

Зиндагӣ хуш бигзарад ба ҳамрайӣ,

Ваҳдат, эй мардум,ки замони Ваҳдат аст.

Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg