БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АЗ АРЗИШИ ВОЛОИ ҶОМЕА МЕБОШАД

АНДЕША. Яке аз руйдодҳои муҳимми таърихӣ барои тамоми миллати тоҷик ин Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ давлати тоҷикро аз хатари нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшид.

 Имрӯз тамоми миллат дар фазои Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ кору амал намуда, дар рушд ёфтани Ватани азизамон ҳар фард саҳми хешро гузошта истодааст.

Ҷойи пӯшида нест, ки маҳз, дар зарфи 24-соли баъди имзорасии Созишномаи сулҳ ватани азизамон – Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Дар ин муддати кӯтоҳ ноил шудан ба чунин натиҷаҳо кори саҳлу осон набуд. Бевосита ҷаҳду талошҳо, пофишорӣ, ҷонбозӣ ва фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷумҳурии тозаистиқлоли мо аз заволу нобудӣ берун омад. Ба шарофати сиёсати бохиради Сарвари давлат ҳама дигаргуниҳои куллӣ ва устуворона рушд кардани мамлакатамон бо ном ва пайкори Пешвои миллатмон пайванди узвӣ дорад.

Яъне Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик шароити мусоид фароҳам овард, ки дар арсаи ҷаҳонӣ мақому манзалати баландро касб намояд.

Муҳимтар аз ҳама дар тамоми сохторҳои давлатдоирамон бо шарофати ваҳдати миллӣ занон мавқеи хосаро касб намуда, дар баробари мардон бо иродаи устувору шикастанопазир ҷиҳати пешрафти ватани аҷдодимон аз худ иқдомҳои созанда нишон дода истодаанд.

Айни замон дар фазои сулҳу субот тамоми миллати тоҷик барои дар сатҳи баланд доир кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғул буда, бо нангу номуси баланди ватандорӣ барои шукуфон шудани мамлакатамон камари ҳиммат бастаанд.

Аз ин нуқтаи назар метавон дилпурона изҳор кард, ки воқеан, дар шароити пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ ҳамагуна метавон имтиҳонҳои вазнини таърихиро пушти сар намуд.

Вобаста ба ин қайд карданиам, ки зери таъкидҳои падаронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин гуфтанд: «Дар куҷое ки набошем, дар кадом ҷабҳае заҳмат накашем, бояд лаҳзае фаромӯш насозем, ки мо тоҷикем ва як сарзамин, як ватан, як забон, як давлат ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст» кору пайкор ва амал намуда, барои ҷовидона пойдор будани сулҳу ваҳдати миллӣ тамоми кушишу ғайрати худро равона созем.

Мунаввараи Бозоралӣ – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg