БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК САРБАЛАНДИВУ ХУШБАХТӢ ОВАРД

АНДЕША.  Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон  басо муқаддас аст. Бояд гуфт, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагӣ барои миллати тоҷик тавассути саъю талоши шабонарӯзии фарзандони бонангу номус, музокиротҳои мушкилу тӯлонӣ ва хусусан, бо роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Ҳамин аст, ки Ваҳдати миллӣ яке аз боарзиштарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии мо ба шумор рафта, барои миллат сарбаландӣ ва хушбахтӣ овард.

Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди бонангу номус неъмати арзишманд буда, ба некӯаҳволии халқ ва пешрафту ободии Ватани азизамон заминаи воқеӣ гузошт.

Яъне дар заминаи Ваҳдати миллӣ фаъолияти сохтору мақомотӣ амалан фалаҷшудаи давлат барқарор гардид ва дар баробари ин беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба кишварҳои дуру наздик гуреза шуда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дигар қадами устувор гузоштанамон дар натиҷаи пойдории сулҳу субот ин пеш аз ҳама давлатамон аз вартаи буҳрони вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфта, айни замон Тоҷикистон азизи мо дар фазои суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам дурахшонтар қадамҳои устуворона мегузорад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки нақши бисёр арзишманди занони кишвар низ дар ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии давлат, пойдории ваҳдату ягонагӣ ва рушди ёфтани ҳама самту соҳаҳои халқ хеле зиёд ба назар меравад. Аз ин рӯ, рисолати аввалиндараҷаи ҳар як фарди худшиносу ватандӯст, махсусан, мо занону бонувон аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намоем ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорем.

Дар ин росто тамоми мардуми саодатманди Тоҷикистонро ба муносибати солгарди ҷашни ваҳдати миллӣ, ки дар остонаи 24-умин солгарди он қарор дорем, самимона табрик гуфта, ба мардуми сарбалани тоҷик саломатӣ, сулҳу осоиш ва рӯзгори ободу пурсаодатро орзу менамоям.

Бигзор, сулҳу оромӣ дар кишвари азизи мо ҳамеша пойдор ва Ваҳдати миллиамон ҷовидон бошад!

Шарифзода Гулрухсор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg