БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ДЕҲАИ ҒАРҒАРА

ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Ғарғара, ҷамоати деҳоти Корез маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.  

Дар кори маҷлис ҳузур доштанд сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ёров Худоидод ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Каримзода П. А.

Зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Исматзода И,  шунида шуда дар ҳисоботашон  гуфта шуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи Ғарғара, баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи ҲХДТ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тамоми имкониятҳоро истифода  бурда, ҳамчун таҷасумгари сиёсати пешгирифтаи раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни сокинони деҳа мавқеъи худро муайян намудаанд.  

         Тибқи тартиби пешбарии кори маҷлис Исматзода И аз нав раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи Ғарғара таъин гардид.

 Дар охири маҷлис сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ёров Худоидод оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, аксияҳои ҳизбӣ, дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ бароҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тавсияҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg