ДАНҒАРА. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Нури Истиқлол” – и Донишгоҳи давлатии Данғара, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоӣ гузаронида шуд.
Дар маҷлис котиби ташкилоти ибтидоии “Нури Истиқлол” муҳтарам Азизов Асомиддин шунида шуд. Сипас аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроия вобаста ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дода шуд.