БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модарони тоҷик шукри Ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагӣ мекунанд

ХОВАЛИНГ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ оид ба дастгирии ятимон ва беморону ниёзмандон иҷрои амалҳои хайрхоҳонаро як самти фаъолияти худ дониста, дар арафаи ҷашнҳои миллӣ дар баробари аёдат ва бардоштани руҳияи онҳо ба зиндагӣ ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ мерасонад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар арафаи Иди сайиди фитр ба аёдати модари бемори бистарӣ Фазиламо Аҳёева, ки бештар аз 6 сол мешавад, ки бо амри тақдир бистарӣ аст,  рафта, модари ҳалиму меҳрубонро ба фарорасии  иди шарифи Рамазон муборакбод гуфт.

Сафар Халилов дар баробари сухани табрикотӣ афзуд, ки табақаи ниёзманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва намегузорад,  ки онҳо худро танҳо ҳис кунанд.

Дар ҷавоби ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Фазиламо Аҳёева дар ҳаққи Пешвои миллат дуои хайр намуда, саломатӣ ва ободии Ватану  осудагии рӯзгори мардумро  орзу  кард. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg