ҲАМАДОНӢ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев бо ҳамроҳии кормандони масъули Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бо аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тропикӣ» вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ Исмоил Гадоев оид ба риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи фарҳанги миллӣ ва риояи он, дар бораи муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез суханронӣ намуд.
Гадоӣ Сайдалиев оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.
Дар охир масъулин бо тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази тропикӣ» шинос шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои судманд доданд.