БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки аъзои фаъоли ташкилоти мазкур доир гардид. 

Дар рафти маҷлис мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон иштирок намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва бобати дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорь дар ташкилот, хизматрасонии беҳтар расонидан ба мардум, оиди қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо” ва ҷалб сохтан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ суханрони намуданд.

Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ» оид ба ҳисоботи ташкилоти мазкур дар шаш моҳи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис бошад, бо тарафдории аксарияти иштирокчиён Исмоилов Азиз аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg