БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН « ВАҲДАТ БАҚОИ МИЛЛАТ»

Н.ХУСРАВ.   Бахшида  ба   сазовор  таҷлил  намудани  Рӯзи  Ваҳдати  миллӣ  дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 20  ҷамоати  деҳоти  «Фирӯза »  байни  хонандагони  синфҳои      11-и  муассиса озмуни  иншои  беҳтарин   дар  мавзӯи  «Ваҳдат  бақои  миллат»  баргузор  гардид.

   Хонандагон  фикру  ақидаҳои  худро  вобаста  ба  мавзӯъ ба  қалам  дода, аз  диди  худ  нисбати  нақши  Пешвои  миллат дар  ба  даст  овардани  Ваҳдати  миллӣ ва  моҳияти  таърихии  он иншо  навиштанд. 
    Масъулини  Кумитаи  иҷроия ба  хонандагоне, ки доир  ба  мавзӯъ  фикрҳои  ҷолиб  навиштаро дар  ҳайати 3  нафар  муқарар  намуда, ҷои  якум  , дуюм  ва  сеюм   ғолиб  дониста  шуда, бо  ифтихорнома  ва туҳфаҳои  хотиравӣ сарфароз  гардонида  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg