БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақшаҳои созандаи ҲХДТ орзуву ормони деринаи халқ аст

ФАРХОР. Барои амалӣ намудани нақшаҳои созандаи ҲХДТ, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор   ҷиҳати дар маҳал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо сокнинони деҳаи ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ 1-и ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ баргузор гардид.

Вохӯриро  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер бо сухани ифтитоҳи кушода,  мақсади ҷамъомадро ба ҳозирин фаҳмонид.

Инчунин, оид ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  сухан намуда, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин росто беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум ва риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози ақида намуда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба нақшаҳои созанда мо бояд дар паҳлӯи  Пешвои миллат  истода,  дар ободии кишвар саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg