БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРҶАМЪИИ МО ИН ВАҲДАТ АСТ

АНДЕША. Вақте, ки мо сарҷамъ мебошем, ба роҳабар итоаткорему фикри солиму созанда дорем пас моро ояндаи ободу зебо интизор аст. Якҷо будан, гирди ҳам будан ин шаҳодат аз ягонагӣ аст. Муттаҳидӣ дар ҳама давру замон далолат аз устувориро дораду манфиаташ ба ҳар як халқу миллат ва маҳал бештар аст. Барои муттаҳид, сарҷамъ ва иттифоқ будан ҳатто дар замони қадим роҳбарони қабила як чуб ва дарзаи ҳезумро мисол оварда мефаҳмониданд, ки дона чубро ҳатто кӯдак шикаста метавонад, аммо дарзаи ҳезумро бошад касе қудрат надорад, ки бишканад. Албатта ин фалсафаи бузургест барои ҳар як нафар. Вақте ки мо мардуми Тоҷикистон ҷашни Ваҳдатро ҳамасола таҷлил мекунем, насли худрсол дар таҷлили ин ҷашн пай мебаранд, ки мо чӣ саргузашт доштему бо чӣ гуна талошҳо ба Ваҳдати комил расидем. Ваҳдат моро бо ҳам овард, Тоҷикистон ба як мулки воҳид табдил ёфт. Имрӯзҳо бо шарофати Ваҳдат мо озодӣ, ягонагӣ ва амну суботро ба даст овардем, ин неъматест бузург ва барои мо муҳим. Пас зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ягонагӣ таълим дода, ба онҳо чӣ будани муттаҳидиро доимо фаҳмонем.   

       Баъди имзои Созишномаи умумии пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба истиқболи мардум ба шаҳри Душанбе омад. Ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсозро шоири ширинкалому равоншод Лоиқ Шералӣ чунин овардааст:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,

Ҳотифи зиндадории мо омад…

Чор сӯ буд тирборонҳо,

Яке тири барори мо омад.

…Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ҷашни Ваҳдатро мо ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса дар ҳар як шаҳру навоҳӣ таҷлил менамоему таърихи онро ба тамоми ҷамъомадагон мефаҳмонем. Ин санаи муҳими тақдирсоз дар таърихи давлатдории мо нақши бузургро бозидааст.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg