
ВОСЕЪ. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумуҳрии Тоҷикистон махфил даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” дар МТМУ №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ миёни хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 10 ва 11 иштирок доштанд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия низ иштирок намуда, ба иштирокчиён мувафиқиятҳо таманно намуданд.
Дар ҷамъбаст хонандаи синфи 11-и МТМУ №1- Назарова Саёҳат ба ҳамаи саволҳои ҳакамон ҷавобҳои аниқ ва дуруст гардонида, ғолиби озмун дониста шуд ва ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.