БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби мо ҳамдаму ҳамрози халқ аст!

ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои ҷадвали вохӯрию суҳбатҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маҳаллаи Зафари ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар ва раиси ҷамоати шаҳраки Панҷ  Ҳусейнов Ҷобир бо сокинон ва фаъолони маҳалла оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби комилан халқӣ буда, манфиати худро ҳимоя менамояд ва дар сафи худ фарзандони арзандаи халқро муттаҳид месозад.

Дар робита бо ин, Файзиев Каримҷон дар баромадаш оид ба  зиёд намудани аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонону  занони фаъол ва  ба ин васила наздик  шудани ҳизб бо мардум дар ҳамин замина таъсис додани ташкилоти ибтидоии  ҳизб  суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, зимни суханронӣ атрофи иқдоми пешниҳоднамудаи Пешвои миллат нисбати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки  барои эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат  менамояд, гуфта гузашт. Дар охир, ташкилоти ибтидоии “Зафар” таъсис дода шуда, 8 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg