БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ БАҚОИ ДАВЛАТ АСТ

АНДЕША. Имрӯзҳо кули мардуми кишвар бо як ҷаҳон фараҳмандӣ ва хушҳолӣ ҷашни муқаддас 24- умин солгарди иди Ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар истиқбол  менамоянд.

Ваҳдат ва сулҳи Тоҷикистони азизамон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии комил дорад. Ба  имзо расидани  Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон  ва дар натиҷаи кӯшишҳои мунтазами Ҳукумат дар кишвар фазои сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ барқарор шуд. Маҳз аз баракати сулҳу оштии миллӣ мо тавонистем ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намоем. Таъкид бояд намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумат ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуда, ба сӯйи қуллаҳои умед бо Пешвои ваҳдатофари худ пеш рафта, ваҳдату сулҳ дар сарзамини тољикон пойдор аст.

Қаҳрамонии Пешвои ваҳдатофару ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он, сабақ гиранд.

Чун як фарзанди бонангу номуси миллат, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидааст.

     Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg