БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ ВАҲДАТ АСТ

АНДЕША. Дар солҳои 9-уми асри гузашта халқи тољик, имтиҳони вазнинеро паси сар намуданд. Ин имтиҳон ҷанги шаҳрвандии дохилӣ буд, ки чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошту бесарусомонӣ дар кишвар ҳукмфармо буд.

      Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа болотар гузорад. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд.

Модари тољик фарзандеро ба дунё оварда тарбият намуда буд, ки барои њифзи халќу миллат, давлату њукумат ва манфиатњои миллї љони худро дареѓ намедошт. Ин фарзанди фарзонаи миллати тољик Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Раиси муаззами Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омарда, аз ҷанги бемаънӣ, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт. Сарвари тозаинтихоби мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”.

Воқеан Ваҳдати миллӣ — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба дастоварда ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ , раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқавори тараққӣ намуда истодааст.

Даминов Илҳом, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg