БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ-ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

АНДЕША. Миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳангу  соҳибтамаддуни тоҷик дар остонаи яке аз ҷашнҳои бузург- ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорад.

Соҳиби давлати комилан мустақил гардидани миллати тоҷик  дар таърихи  навини халқи мо дар воқеъ  рӯйдоди муҳим, беназир ва бесобиқа аст.

      Тавре Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд  кардаанд:   «Истиқлолият дастоварди   муҳимтарин, бузургу  бебаҳо ва таърихии  миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои  садҳо ҳазор муборизони роҳи  бақои давлати тоҷикон мебошад ».

         Дар тамоми  тӯли таърихи  худ миллати мо барои соҳиб гардидан  ба давлати  мустақил ва  соҳибихтиёри хеш  мубориза бурдааст. Ҳарчанд сарзамини тоҷикон борҳо аз ҷониби аҷнабиён ва ақвоми бегона забт ва тасарруф гардидааст, рӯҳи озодихоҳӣ, иродаи  мардуми мо барои эҳёи давлати миллии худ  шикаст нахӯрд, баръакс, бо гузашти  асрҳою солҳо муборизаи аҷдодони мо  торафт қавитар ва талоши ӯ  ҷиҳати  соҳибистиқлолу соҳибихтиёр гардидан пурзӯртар  мешуд

         Агар бо ибораи сарвари давлату миллат Эмомалӣ Раҳмон бигӯем, «ҳар гоҳ сухан аз Истиқлолияти давлатӣ ё  миллӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки  ҳадафи асосии талоши ҳар халқ  барои озодӣ таъсиси  давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди  давлати мустақили миллӣ мебошад».

           Бо ба даст овардани  Ваҳдати миллӣ дар рушду  тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар марҳилаи  нав оғоз гардид. Ба  шарофати   Ваҳдат мо имкон  пайдо  кардем, ки бисёр ҷашну  идҳо, анъанаҳои  миллии худро эҳё  гардонем. Дар ин давра  садҳо километр роҳҳои  нав, пулу нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, садҳо  иншоотҳои  маориф, тандурустӣ, фарҳанг қомат афрохтанд. Ба туфайли Ваҳдати миллӣ, бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  симои     шаҳру шаҳракҳо, деҳаҳо ба куллӣ  тағйир ёфт. Бунёд гардидану мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳҳои  барқии «Сангтӯда  - 1», «Сангтӯда - 2», НБО-и «Роғун» низ  маҳсули даврони Ваҳдат, соҳибистиқлолию  соҳибихтиёрӣ мебошад.

    Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ давраи рушду  пешрафти  соҳаи тандурустӣ гардид. Ҳар сол дар сар то сари  кишвар, аз ҷумла дар шаҳру деҳоти  вилояти овозадори Хатлон  низ муассисаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ  қамат рост мекунанд, ки  бо  пешқадамтарин ва замонавитарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин мебошанд. Ин имконият медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ бемайлон боло равад.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳоти бо маром  идома ёфта, маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ва мақомотҳои махаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят тӯли солҳои охир сохтмони муассисаҳои тиббии замонавӣ  вусъат ёфта, таъмиру барқарорсозӣ  ва бо дастгоҳу  таҷҳизотҳои  муосири тиббӣ  муҷаҳаз гардонида сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ  ба аҳоли беҳтар шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон, 30 майи соли 2020, дар ноҳияи Данғара, зикр намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо вобаста ба фарогирии аҳолӣ, махсусан, сокинони деҳоти дурдаст бо хизматрасонии тиббӣ ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.

Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ба бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ эътибори аввалиндараҷа доданро зарур донистанд.

        Вилояти Хатлон моҳи январи соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 817 ҳазор аҳолӣ дошт. Моҳи январи соли 2020 ин шумора ба 3 миллиону 350 ҳазор нафар расид. Яъне дар даврони истиқлол аҳолии вилоят қариб ду баробар  (184 фоиз) афзудааст. Дигар ин, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вилояти Хатлон ва пеш аз ҳама, инфрасохтори иҷтимоии он–мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ зарари аз ҳама зиёд дида, қисми бештари онҳо сӯхта ва харобу валангор шуда  буданд.

        Дар солҳои  Истиқлолият ташаккули  муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи  ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба рушди иқтисодию  иҷтимоии  мамлакат мусоидат намуданд ва тавре  Сарвари давлат қайд менамоянд,  дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судманд аз соли 1997  натанҳо таназзули  иқтисодиёт боз дошта шуд, балки барои рушди  муназзам  ва устувори он  заминаи  боэътимод  фароҳам омада,   афзоиши  тадриҷии  нишондиҳандаҳои  иқтисодӣ  таъмин гардид.

          Ҳамаи рушду пешрафт, тараққиёту таҳаввулоте, ки дар даврони  соҳибистиқлолӣ  ба амал омадаанд, ҳанӯз ибтидои  кор буда, бунёдкориҳои бузург дар пешанд. Барои рушди минбаъдаи Ватан, пиёда  сохтани ҳадафҳои  инсондӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ  гардонидани чор ҳадафи асосӣ, яъне ба  даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ  ва  раҳоии пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноаткунонии мамлакат ҳанӯз заҳматҳои  зиёде бояд  кашид. Барои ин мо бояд худшиносу  худогоҳ,  ҳисси ифтихори миллии солим дошта бошем ва  пеш аз ҳама ватандӯст бошем. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  ҳидоят менамоянд, ки «мо ҳар қадар Ватанамонро бештар дӯст дорем, бояд  ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки  арзишҳои  илмию фарҳангии  умумибашарӣ, дастовардҳои техникию технологияи  замонавӣ ва кашфиёту бозёфтҳои  навтаринро омӯзем ва дар ҳаёт татбиқ намоем».    

Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg