БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ДАР “ИРФОН”

БОХТАР. Дар толори Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин ва раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қосимзода Солеҳа вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ирфон” доир шуд. Нахуст, Наҷидуллозода Н. доир ба мақсаду мароми вохӯрӣ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обруву нуфузи бештар касб намуда истодаааст. -Аз ин рӯ, аз ҳар тоҷикистонӣ талаб карда мешавад, ки барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша талош варзида, ҳимояи онҳоро вазифаи асосии худ шуморанд, -гуфт муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Н.

Сипас, Қосимзода Солеҳа ба сухан баромада, доир ба дастовардҳои даврони истиқлол ва ҳифзи онҳо ибрози назар кард. Аз ҷумла номбурда иброз дошт, ки -Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои нодиртарини тоҷикон буда, бо арзишҳои бузург ба даст омадааст. Тоҷикистон дар ин давра бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд рушд намуда, марҳила ба марҳила ҳадафҳои дар пешгузоштаи худ расида истодааст.

Дар идома ба чанд нафар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg