ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Шарораи ҷамоати дењоти Халеварди ноҳия амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман!” баргузор гардид. Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ суханронӣ намуданд. Дар анҷоми вохурӣ ба аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.