ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Дар ҳамкорӣ бо бахши хадамоти муҳоҷирати меҳнатии ноҳия вохурии судманд бо муҳоҷирони ҷамоати шаҳраки Балхии ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ маъсулини Кумитаи иҷроия Алиев Зафар ва мутахассиси бахши хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳия Гулов Азизхон иштирок дошта, оид ба ҳадафҳои ҲХДТ, дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи манфиятҳои миллӣ, пешгири аз шомилшави ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ суҳбат намуданд.
Зимни сӯҳбат масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия қайд намуданд, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлатиро дарк намудан ва пос доштани онҳо ҳам қарз ва ҳам масъулияти ҳар фарди бедордили ҷомеа мебошад.