ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии идораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳия бо иштироки масъулини Кумита иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти ташкилот дар шашамоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот доданд. Бо тарафдории аъзо ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Зоирзода Илҳомиддин Қувват раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуданд.
Сипас мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар баромад намуда, оид ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ибрози андеша намуд.