БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ВАХДАТ АСТ

АНДЕША: 27-уми июн- Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сартосари Ватани маҳбубмон ботантана чашн гирифта мешавад.

Ваҳдати миллӣ  яке аз арзишмантраин дастоварди бузурги  миллат ба шумор меравад.

Солҳои 90-уми асри гузашта вазъи тинчу ороми кишвари мо халалдор гашт. Бар асари мудохилаи нерӯҳои хоричӣ ва баъзе гурӯҳҳои мансабталошу  чангчӯ дар  кишвари тинчу ороми мо шуълаи чанг аланга зад ва мардуми осуда якбора ба вартаи ҳалокатовар рӯбарӯ шуд.

Душманони хасуду бадхоҳ дар осмони софу беғубори Точикистони азиз чун абрҳои сиёҳу дайду пайдо шуда, бар сари мардуми ғофил аз чанг якуякбора борони чангу даҳшат рехтанд.

Халқе ки ба кору зиндагии худ овора буд аз ин даргириҳои бемаънӣ даҳшатзада гашту даступо гум кард ва ҳайрону музтар монд, чӣ кор карданашонро надонистанд ва ягона роҳи халосиро дар гуреза шудан ва берун аз ватан рафтану паноҳгохеро ба худ ёфтан ихтиёр карданд.

 Дар ҳамон вақт ба сари халқи точик барои имдод фарзонафарзанди ин миллат  бо исми Эмомалӣ Раҳмон  расид ва бо пеш гирифтани роҳи сулҳ кишварро аз ин вартаи фалоктбор начот дод.

 Бо заҳмату талошҳои зиёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ душвориҳоро паси сар намуда, тавонист ба низову хусуматҳои байниҳамдигарӣ хотима бахшад ва ба дили  мардуми раҳгумзада  меҳру шафқат ва ҳисси ватандориву ватандӯстиро бедор намояд.

«То он даме як точик гуреза ҳасту берун аз Ватан мусофиру бехона ҳаст ман осуда намехобам» гуфта буд сарвари давлат.

Рӯзи  Ваҳдати миллӣ барои ҳар як точику Точикистонӣ фархундаву муборак  бошад.

Суннатуллоева Мавзуна-мудири шуъбаи кор бо занон ва чавонони КИН ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg