БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нерӯи барқ бояд оқилонаву самаранок ва сарфакорона истифода шавад!

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо,  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  татбиқи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ- ҳизби  созандаю  бунёдкор   корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста  ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳат  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеи ҷавонон  ба  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии “Шабакаҳои  барқ”    вохӯри  баргузор  гардид.

Вохӯриро  раиси  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  шабакаҳои  барқи  ноҳия  Эгамбердиев  Ғулом  кушода,  мақсади  вохӯриро  ба  ҳозирин  фаҳмонид.  Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид  ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ,   дастуру  ҳидоятҳояшон  дар  мулоқот  бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар, инчунин  дар  вохӯрӣ бо  аҳли  заҳмати   вилояти  Хатлон  дар  ноҳияи  Данғара  андешарони карданд.

Дар охир масъулин зикр карданд, ки кормандони  шабакаҳои  барқи ноҳияро зарур  аст, ки  бо  мардум дар  маҳалҳо   ҳамкориро  густариш   диҳанд,  иртиботи  худро  бо  сокинони  маркази  ноҳия  пурзӯр  намоянд ва  онҳоро   дар  самти  татбиқи ҳадафҳои  стратегии  давлату  Ҳукумат, дастуру  супоришҳои  Сарвари  давлат дар  мулоқоташон  бо  намояндагони  кишвар  ба  корҳои ободонию  созандагӣ   равона  намуда, ҷиҳати дар ҳолати  хуб  нигоҳ доштани  инфросохтори барқрасони ва таъмини  барқ  ба  сокинонро сафарбар  намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg