БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ПАДИДАҲОИ ХУШУНАТБОРИ ҶОМЕА

ВОКУНИШ: Имрӯз  омилҳои ногуворе, пайдо шудаистодааст,  ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизм мебошанд.

Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм ва экстремизмро чунин маҳкум кардаанд. «Имрӯз терроризм  ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари  на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардаанд.

Олимону муҳақиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ ,экологӣ, миллатгароӣ ,ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки  имрӯзҳо аз ҳама бештар терроризми динӣ ҷаҳони  муосирро ба мушкилот гирифтор намудаст.

         Хамунин, ба ҳизбу ҳаракатҳои зараровар «Алқоида», «Толибон», «Гурӯҳи 24, ТЭТ ҳизби наҳзати ислом, ки дар Тоҷикистон ва минтақа ғайриқонунӣ эълон шуданд,.

Ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар боло зикр шудаанд, дорои хусусияти ифротгароии динӣ буда, бо амалҳои нопоки худ ҷавононро гумроҳ мекунанд. Барои пойдории сулҳу субот,оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон  яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ,ин дар замири ҷавонон  тарбия кардани ҳисси меҳанпарастӣ мебошад.

Сулҳи мо нодиртарин ва қимматарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем Барои  ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем ,дар муқовимат ба афкори экстремистӣ  ва террористӣ мутташаккилона мубориза барем.

 Мусоев Ҳусейн-мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg