БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША: Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолият кори бистёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст.

         Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад.

         Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил созанд, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд.

         Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандустӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.

         Яке аз корҳои муҳимтарин дар ин самт тараққӣ додани варзиш, оммавигардонии варзиш ва таблиғи ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солим мебошад.    

Файзизода Каримҷон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg