МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо иштироки сокинон маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12.05.2018, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати кишоварзонӣ вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, муқовимат бо коррупсия баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Назаров Қурбоназар интихоб гардид.
Баргузории чунин вохӯриҳову чорабиниҳо дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Муъминобод мувофиқи нақша идома доранд.