БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ “С.ДАМИНЗОДА”

КӮЛОБ: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Даминзода” тибқи нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳр бо иштироки кормандони масъули Кумита – Саидов Умарҷон, Абдураҳмон Ҳасанов, Азизҷон Таварзода ва Раиси ташкилоти ибтидоӣ Гулбаҳор Мирзоева маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

         Дар кори маҷлис ду масъала, “Ҳисоботи шашмоҳаи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби” ва “Аз нав интихоб намудани Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ”  баррасӣ гардид.

Вобаста ба масъалаҳои болозикр аз ҷониби кормандони масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қайд гардид, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорие, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён доранд, саҳми муносиб дошта бошанд.

Дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон қарори якдилона қабул гардида, Гулбаҳор Мирзоева аз нав раиси ташкилоти идбидоии ҳизбии “С. Даминзода” интихоб карда гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg