
ЁВОН: Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо мақсади баргузор намудани амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Обшорон баргузор намуданд.
Масъулини Кумитаи иҷроия ин навбат шаҳодатномаҳои ҳизбии кормандони ҷамоати мазкурро аз назар гузаронида, ҳолати мавҷуда ва қайди супоридани аъзоҳаққӣ, сари вақт иваз намудани шаҳодатномаи пуршударо санҷида баромаданд. Ҳамаи кормандони ташкилоти мазкур аъзои ҳизб буда, сари вақт аъзоҳақии худро месупоранд.