БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ – БАҚОИ МИЛЛАТ

АНДЕША: Ҳамасола 27-июн Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.  Ин рӯз танҳо як рӯзи ид не, балки санаи тақдирсозу сарнавиштсози миллати мо буда, дар расидан ба он саъю талошҳои пайгирона ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши мондагор дорад.

27-июни соли 1997 баъд аз 8 даври гуфтушуниди ҷонибҳо (аз соли 1994 то 1997) байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин Созшиномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул – гул шукуфт, мардум ба ҳаёти осоишта баргашт, дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор гашт.

Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофариниши тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Сулҳу ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздику дилчасп садо дода, бевосита шунавандаро ба андеша водор месозад, ки  Ваҳдат чист?

Ваҳдат вожаи арабӣ буда, маънояш воҳид, ягона, дар фаҳмиши имрӯзаи он маънои ягонагӣ, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, созиш, бародарӣ, якдилӣ ва ҳамбастагиро ирода мекунад.

Ба тавсиб расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» марҳилаи басо душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оѓоз гашт. Тамоми нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дарк карданд, ки сулҳ бузургтарин дастоварди миллат аст.

Шурӯъ аз ҳамин давра Тоҷикистон қадамҳои устувори хешро дар роҳи созандагию ободкорӣ гузошт, яъне ба ибораи дигар гӯем маҳз Ваҳдату созиш ва ягонаи ба пояҳои мустаҳками пешрафти  иқтисоду сиёсату фарҳанг ва иxтимоиест, маорифу тандурустӣ асос гузошт.  Ваҳдат худ бақои миллат аст. Пас таъмини пойдории он вазифаи ҳар як ватандори асил мебошад.

Саидов Илҳом, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg